Ҳисоботи телефонии раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғара
Душанбе, 6.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғара телефонӣ ҳисобот доданд.
Зимни ҳисоботдиҳии роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбурда масъалаҳои вобаста ба иҷрои нақшаи даромади буҷети давлатӣ, вусъат додани киштукори баҳорӣ, ба хусус кишти пахта ва сабзавот, корҳои соҳилмустаҳкумкунӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ҳам ободонӣ мавриди таваҷҷуҳи асосии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои нигаронкунанда, аз ҷумла омодагӣ ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ба мисли селу жола, обхезӣ ва ярчу сангрезӣ, дар назди шахсони масъули номбурда вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






