Ҷаласаи 17-уми Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати ИДМ
Душанбе, 14.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Фардо, 15-уми апрел дар шаҳри Маскав ҷаласаи 17-уми Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои ИДМ баргузор мегардад.Дар он сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон Анвар Бобоев иштирок хоҳад кард. Дар ҷаласа мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои ИДМ ва дигар масъалаҳои вобасата ба он баррасӣ хоҳанд шуд. Дар назар аст, ки дар ҷаласа омодагии татбиқи созишномаҳои дуҷониба оид ба принсипҳо ва механизми умумӣ барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави аъзои давлатҳои ИДМ, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, эҳтироми қонунгузорӣ, забон ва фарҳанги кишвари иқомат, пеш аз сафар ба давлати қабулкунандаи муҳоҷират, ташаккули муносибати ягона барои рушди усулҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар давлатҳои ИДМ ва баҳисобгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, бо назардошти зарурати муқоисаҳои кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, ҷамъоварии маълумотнокӣ баррасӣ мегарданд. Дар ҷаласа инчунин натиҷаҳои машваратҳои коршиносон оид ба лоиҳаи созишнома доир ба мавқеъҳои муштарак ба ҳамгироии муҳоҷирати дарозмуддат аз кишварҳои аъзои ИДМ арзёбӣ мегарданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи хадамот Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






