Ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир ба Афғонистони назди Шӯрои ВКХ давлатҳои аъзои СААД
Душанбе, 4.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 3 апрели соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир ба Афғонистони назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД зери раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар кори ҷаласа муовинони Дабири кулли СААД, намояндагони доимӣ ва ҳамоҳангсозони миллӣ оид ба Афғонистони назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД ширкат варзиданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон, рафти иҷрои чорабиниҳои пешбинишудаи СААД роҷеъ ба масоили Афғонистон, инчунин нақшаи гурӯҳи корӣ доир ба Афғонистони назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД барои нимсолаи дуюми соли 2015 муҳокима гардиданд.
Дар охири ҷаласа протоколи ҷаласа имзо карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






