Ҷаласаи Гурӯҳи кории ҷумҳуриҳои ҳамҷавор
Душанбе,10.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти раёсати муовини якуми вазир Саидраҳмон Назриев ҷаласаи Гурӯҳи корӣ байни намояндагони ҷумҳуриҳои ҳамҷавори Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ба кори худ шуруъ намуд.
Дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ лоиҳаи Созишномаи тиҷорати транзитӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва мувофиқа қарор мегирад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, санади дахлдор вобаста ба лоиҳаи созишномаи мазкур баъди анҷоми ҷаласаи Гурӯҳи корӣ имрӯз, 10 апрел қабул мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






