Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Бишкек
Душанбе, 4.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 3 апрели соли 2015 дар ш.Бишкек ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.
Сарварони идораҳои сиёсати хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ татбиқи Нақшаҳои машваратҳои байни вазоратиро дар ҳошияи ИДМ дар соли 2014 ва 2015 мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин, Изҳороти вазирони корҳои хориҷи дар бораи 40-солагии баимзорасии Санади ниҳоии САҲА низ қабул шуд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногуни амнияти наздисарҳадӣ дар минтақа, аз ҷумла оид ба татбиқи Барномаи ҳамкорӣ ҷиҳати мустаҳкам гардонии сарҳадҳои бурунмарзӣ дар солҳои 2016-2020, марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла лоиҳаи Созишнома дар бораи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи давлатҳои аъзои ИДМ маъқул дониста шуд.
Созишномаи мазкур ҷиҳати таҳким ва рушди устувори ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти иловагии омӯзгорон равона шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






