Ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ
Душанбе, 13.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Аз 10 то 12 апрели соли равон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи чавгонбозии мамлакат дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба чавгонбозӣ байни калонсолон баргузор гардид. Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар мусобиқа дастаҳои Хатлон 2, Суғд, Душанбе 1 ва Душанбе 2 иштирок варзида, байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Гуфта мешавад, мусобиқаи мазкур ба таври даврӣ сурат гирифта, дастаҳо бо ҳам вохӯрданд. Дар натиҷа бо гирифтани холҳои зиёд дастаи Хатлон соҳиби ҷои аввал гардида, бо диплом ва медалҳои тиллои мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.Ҳамин тавр ҷои дуввум насиби дастаи Душанбе 1 ва ҷои сеюмро чавгонбозони вилояти Суғд соҳиб гардиданд. Масъулини мусобиқа мақсад аз баргузории онро ташвиқу тарғиби чавгонбозӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ ва ваҳдат миёни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии чавгонбозон ва муайян намудани ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба чавгонбозӣ арзёбӣ карданд. Ёдрас мешавем, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарият ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба чавгонбозӣ зиёд гардида, он дубора эҳё мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






