Ҷавонон бо мақомот ҳамкориро пурзӯр менамоянд
Душанбе, 02.04.2015. (АМИТ «Ховар» Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Имрӯз бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ» семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ оғоз шуд.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон таъкид дошт, ки «мақомоти корҳои дохилӣ баҳри пешгирӣ ва баргардонидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонон аз давлатҳои ҷангҷӯ тадбирҳои дахлдор андешида, кӯшиш менамоянд, то ин гуна афрод аз роҳи бад баргашта, дар назди падару модар, оилаву фарзандон зиндагии осоиштаро ба роҳ монанд.»
Дар семинар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дахл намуда, изҳор дошт, ки ин мушкилот ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода дар чорабинӣ дар мавзӯи «Арҷгузории ҷавонон ба фарҳанги миллӣ ҳамчун омили муҳими ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» маъруза намуд. Ӯ таъкид дошт, ки «Аз рӯи нишондоди оморӣ ҷавонони то 30-сола қариб 70% аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Маълум мегардад, ки вақте мегӯем: «ҷомеа», асосан ҷавононро дар назар дорем ва вақте «мушкилоти ҷавонон» мегӯем, пеш аз ҳама мушкилоти тамоми ҷомеаи Тоҷикистон дар назар аст».
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






