Ҷавонон, эҳтиёт! Ба доми ифтротгароён наафтед!
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Ванҷ дар маркази ноҳия иқдом таҳти унвони «Ҷавонон, эҳтиёт! Ба доми ифтротгароён наафтед!» -ро баргузор намуд.
Дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия муовини раиси ноҳия сарпарасти соҳа Хушқадам Холиқов зикр кард, ки бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Ванҷ иқдоми мазкурро дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир менамоянд.
Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират оид ба таъсири омилҳои берунӣ ҷиҳати ҷалби занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва роҳҳои пешгирии ин амалҳои номатлуб сухан гуфтанд.
Дар иқдом 236 нафар ҷавон ва муҳоҷири меҳнатӣ, ки аз Федератсияи Русия баргаштаанд, иштирок намуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






