Ҷавонони кишвар, зиракии сиёсиро аз даст надиҳед!
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти мавзӯи «Ҷавонон ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро» семинар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ коршиносон аз Хадамоти муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва дигар мақомоти марбута иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки ҷавонон неруи созанда ва бунёдкори ҷомеа ба ҳисоб рафта, идомадиҳандаи мероси маънавию фарҳангии ҳар давлату миллат маҳсуб меёбанд. Аз рӯ, ҳар гуна ҳаракату созмонҳои иртиҷоӣ талош бар он мекунад, ки бештар ба мафкураи ҷавонон таъсир расонда, онҳоро ба гурӯҳҳои худ ҷалб созанд ва нақшаҳои нопоки худро барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоияшон амалӣ гардонанд. Дар шароити кунунӣ ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳушёр ва худшинос бошанд, зеро дар сурати таъсири мафкураи бегона ба фарҳанги миллӣ он метавонад ҳар гуна пайомадҳои нохушеро барои ҷомеа ба вуҷуд орад.
Дар идомаи чорабинӣ оид ба мавзӯоти «Бонувон ва фарҳанги бегонапарастӣ», «Ҷавонон дар маҳфилҳо, семинарҳо ва корҳои илмии ҷамъиятӣ» маърӯзаҳо хонда шуданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






