Ҷомеаи солим аз оилаи солим аст

Апрель 28, 2015 09:38

Душанбе, 28.04.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тибқи нақшаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли оила 21 — 22 апрели соли 2015 дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Варзоб ГЭС-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия байни 200 нафар занону духтарон сухан гуфта, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил нашуда, кӯшишу ғайрати худро ба хондану аз худ намудани донишҳои замонавӣ равона намоянд, то дар оянда мавқеи намоёнро дар ҷомеа ишғол карда тавонанд.
Зимни  вохӯрӣ  нуктаи махсус зикр гардид, ки оила як рукни нозукест, ки камтарин нофаҳмӣ ва инҷиқиҳои рӯзгор метавонад суботи онро халалдор намояд. Барои роҳ надодан ба ҳар гуна нофаҳмиҳо мо бояд пеш аз ҳама соҳибмаълумот бошем, аз фарҳангу маданияти баланди тоҷиконаи худ огоҳ бошем, ватанпараст буда ва ҳуввияти баланди миллӣ дошта бошем, эҳтирому ҳурмати волидон ва калонсолонро ба ҷо орем, метавонем оилаи солим барпо намоем, зеро сарчашмаи ҷомеаи солим аз оилаи солим аст.
 
 
 
 

Апрель 28, 2015 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд