ҶТ ва ҶИЭ бо ҷиноятҳои муташаккил мубориза мебаранд

Апрель 9, 2015 09:03

       Душанбе, 9.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза алайҳи ҷиноятҳои вазнину муташаккилона, ки дорои хусусияти фаромиллианд, тақвият мебахшанд. Дар ин росто палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амниятро ба тасвиб расониданд.
       Умарзода Икром Ислом-муовини вазири корҳои дохилии кишвар ин санадро  дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ дода гуфт, ки Созишнома 10 сентябри соли 2014 дар Душанбе ба имзо расонида шудааст, он аз  муқаддима ва 11 модда иборат аст.
     Самти асосии ин санад  ба таҳкими  ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният, дар ин замина рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, манфиатҳои тарафайн дар таъмини амнияти миллии ҳар ду кишвар,  рушди ҳамкорӣ бар зидди ҷиноятҳои муташаккил,   аз ҷумла терроризм, экстримизм, муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки  бо назардошти амалӣ намудани талаботи конвенсияҳои дахлдор алоқамандӣ дорад, нигаронида шудааст. 
             Моддаи якуми созишнома самтҳои асосии пешигирӣ, ошкор ва кушодани ҷиноятҳо,  пешгирӣ ва муқовимат бо хариду фурӯши одамон,  муносибатҳои бераҳмона бо занону кӯдакон,  ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккил содир мегарданд, мубориза бар зидди интиқол, мубодила ва истифодаи маводи мухаддир, қочоқи силоҳ,  лавозимоти ҷангӣ ва  моддаҳои тарканда, муқовимат бар зидди ҷиноятҳои кибернитикӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифода аз воситаҳои алоқа ва асбобҳои телефонӣ содир гардидаанд, ба танзим медарорад. 
       Дар маҷмӯъ ин созишнома ба тавсеаи ҳамкории судманди  Тоҷикистону Эрон дар бахши мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил, ки хусусияти фаромиллӣ доранд, равона гардидааст.
 

Апрель 9, 2015 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад