21 лоиҳаи Сандуқи фаъоли Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Апрель 14, 2015 08:56

Душанбе, 14.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар доираи сафари худ намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер ба вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров бо кишоварзоне вохӯрд, ки аз норасоии оби ирригатсионӣ барои заминҳои худ танқисӣ мекашиданд, тавассути таҷдиди инфрасохтори обёрӣ ва заҳбуру заҳкаш дар доираи Лоиҳаи идораи захираҳои оби водии Фарғона, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 24,17 млн. доллари ИМА маблағгузоришуда баҳра бурданд. Лоиҳа дар беҳтар намудани обёрии тақрибан 7,349 гектар замин тавассути барқарорсозии дастгоҳҳои обкашӣ, чоҳҳо ва инфрасохтори заҳбуру заҳкашӣ, тозакунии наҳрҳо ва барқарорсозии соҳили онҳо мусоидат намуд. Шумораи умумии баҳрабарандагони лоиҳа 2,134 хоҷагиҳои хонагиро дар ду ноҳия ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, лоиҳа дар ташкил намудани ду Ассотсиатсияи истифодабарандагони об кумак расонид. Лоиҳа дар таҳкими низоми огоҳкунии бармаҳал дар обанбори Қайроққум бо мақсади пешгирӣ намудани обхезиҳо мусоидат намуд. Дар Конибодом Виверс-Картер аз қитъаҳои роҳҳое, ки дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ- Марҳилаи дуввуми барномаи беҳсозии роҳҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ барқарор мегарданд, дидан намуд. Лоиҳаи мазкур, ки арзиши он 45 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, дар беҳсозии алоқаи нақлиётӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя дар доираи роҳҳои асосии фаромарзӣ дар вилояти Суғд мусоидат намуда, дар натиҷаи татбиқи он алоқаи нақлиётӣ байни аҳолӣ ва ширкатҳо, бозорҳо ва имкониятҳо дар сатҳи минтақавӣ таъмин мегардад. Дар шаҳри Хуҷанд хонум Виверс-Картер ба Бонки Эсхата, ки дар самти дастгирии корхонаҳои хурд ва миёна тавассути қарздиҳӣ фаъол аст, рафт. Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар доираи талошҳои рушди бахши хусусӣ аз соли 2005 инҷониб бо Бонки Эсхата ҳамкорӣ мекунад. То имрӯз, ГБҶ тақрибан 24 миллион доллари ИМА-ро дар Эсхата сармоягузорӣ намудааст ва дар беҳсозии амалиёти хазинадории он хизматрасонии машваратӣ пешниҳод кардааст. Ғайр аз ин Виверс-Картер бо донишҷӯёни донишкада ва ташкилотҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади муҳокимаи мушкилот ва имкониятҳои рушд дар вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор намуд. Сандуқи фаъоли Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 21 лоиҳаро дар бар мегирад, ки маблағи умумии онҳо 283,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бузургтарини сандуқ ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд (24 фоиз), баъди он рушди шаҳр ва деҳот (21 фоиз), нақлиёт (16 фоиз), идора ва сиёсати иқтисодӣ (9 фоиз), муҳити зист ва захираҳои табиӣ (7 фоиз), маориф (6 фоиз), тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (6 фоиз), обтаъминкунӣ (6 фоиз), бахши хусусӣ (4 фоиз) ва ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат (1 фоиз) қарор ёфтаанд. Аз соли 1996 инҷониб, Бонки ҷаҳонӣ зиёда аз $1 миллиард доллари ИМА-ро дар шакли грант ва қарзҳои имтиёзнок тавассути Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва захираҳои фондҳои мақсаднок ба Тоҷикистон пешниҳод намудааст.Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои идомаи дастгирии Тоҷикистон омодааст, зеро кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда, талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад.

Апрель 14, 2015 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд