500 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 25-солагии Истиқлолият
Хуҷанд, 16.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар тибқи қарори раиси вилояти Суғд бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли оянда ҷашн гирифта мешавад, дар қаламрави вилоят маъракаи 500 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардид. Тавре ки сомонаи расмии мақомоти вилоят иттилоъ медиҳад, мақсад аз ин қарор вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят мебошад.
Вобаста ба ин ҳамаи воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ҳамзамон мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати татбиқи қарори мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ намуда, баҳри вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ороиши шаҳру ноҳияҳо ва татбиқи барномаҳои давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






