«Адибони ваҳдатсаро» аз Ваҳдат сароиданд
Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Маҳфили аввалини «Адибони ваҳдатсаро» дар соли равон, ки ҳамасола бо ибтикори Шӯрои вилояти суғдии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор мегардад, машғулияти имсолаи худро аз маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хуҷанд оғоз кард.
«Адибони ваҳдатсаро» дар Боғи фарҳанги Камол бо сухани ифтитоҳии муовини раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова оғоз гардид. Мавсуф аҳамияти Ваҳдати миллиро дар таҳкими дӯстиву рафоқати мардуми кишвар, расидан ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ эзоҳ дода, гуфт, ки баргузории Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар Хуҷанди бостон боиси ифтихору сарбаландиҳои сокинони шаҳраст, ки заминаи сулҳу Ваҳдат гузошта шуд. Муовини аввали раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракат Абдуҷалил Бобокалонов аз таърихи расидан ба Ваҳдати миллӣ, саҳми фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу амният муфассал сухан гуфт.
Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби аҳли ҳунари шаҳр табъи ҳамагонро болида сохт. Адибон Муҳаммад Субҳон ва Неъмат Оташ аз эҷодиёти хеш пораҳо қироат карданд, ки саросар Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамдилии мардуми ҷумҳуриро тараннум мекард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






