Афзоиши содироти маҳсулот аз ҷониби коргоҳҳои Хуҷанд

Апрель 11, 2015 09:11

Хуҷанд, 11.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар  шаҳри Хуҷанд дар се моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби коргоҳҳои истеҳсолӣ ба маблағи 137 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Инчунин дар ин раванд аз оғози соли равон дар миқёси шаҳр бо тавлиди 7 коргоҳи нави хурду миёна  200 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, алъон дар шаҳр 154 коргоҳ амал мекунад. 
Мутобиқ ба маълумоти масъулини шуъбаи мухталиф, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 25,3% ё 27 млн. сомонӣ баробар буда, аз ҷониби коргоҳҳои истеҳсолӣ 50 намуд маҳсулоти саноатӣ, аз қабили хӯрокворӣ, саноати сабук ва мошинсозӣ бартарӣ дорад. 
Дар ин замина ҳамзамон маҷмӯи маҳсулоти содиротӣ низ афзуда, он дар давраи ҳисоботӣ ба 40 млн. сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ нишондиҳандаи мазкур 15 % зиёд мебошад. 
Ба иттилои манбаъ, асосан маҳсулоти содиротӣ ба мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, чун Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия интиқол дода шуда, байни он маҳсулотҳои  хӯрокворӣ, саноати сабук ва сохтмонӣ бартарӣ доранд.    

Апрель 11, 2015 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд