Академик Соҳиб Табаров даргузашт

Апрель 13, 2015 10:40

Душанбе,13.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Соҳиб Табаров академик, адабиётшиноси маъруфи тоҷик 12 апрели соли ҷорӣ дар синни 91 дар зодгоҳаш-ноҳияи Муъминобод аз олам чашм пӯшид. Соҳиб Табаров соли 1924 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Марҳум узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муаллифи зиёда аз 850 асару таълифоти илмӣ мебошад. Ҳаёт, адабиёт, реализм (дар панҷ ҷилд, солҳои 1966-1989), С. Айнӣ қофиласолори адабиёти советии тоҷик (1977), Мунзим. Беҳбудӣ (2002) аз китобҳои маъруфи ӯянд. Ду сол қабл китоби нави ӯ бо номи Пайрав Сулаймонӣ дар Душанбе нашр ва дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Ин китоб давоми асарест, ки дар солҳои шастуми қарни гузашта аз сӯи академик Табаров дар бораи шоири тоҷик Пайрав Сулаймонӣ навишта шудааст.Ин донишманди тоҷик дирӯз дар ноҳияи Муъминобод дар канори қабри ҳамсараш Ванда Витолдовна, ки тирамоҳи соли 2008-ум дунёро падруд гуфт, ба хок супорида шуд. Соҳиб Табаров соҳиби ду фарзанд-як писар ва як духтар мебошад.

Апрель 13, 2015 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад