Аз рӯйи суръати рушди саноат- Суғд дар ҷойи якум
Душанбе,17.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Аз рӯи маълумоти расмӣ дар миқёси ҷумҳурӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти индекси нархҳо 116,7 фоизро ташкил намуд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилоят, вилояти Суғд аз рӯйи суръати рушди саноат дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи якумро ишғол менамояд. Агар дар семоҳаи якуми соли 2014 суръати рушди саноати вилоят бо нархҳои муқоисавӣ ба 108,3% баробар шудааст, он гоҳ нишондиҳандаи мазкур соли равон бо нархҳои муқоисавӣ ба 127,8 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо ба 122,7 фоиз баробар гардид.
Ин имкон дод, ки ҳиссаи саноати вилоят дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ба 36% баробар гардад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,6 ченаки фоизӣ зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






