Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Мӯҳтарам Нурсултон Абишевич,
Басо сарфарозам, ки Шуморо ба муносибати ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон такроран интихоб шуданатон самимона муборакбод намоям.
Халқи Қазоқистон бо изҳори ризоияти худ пуштибонии васею бешубҳаи сиёсати созандагии Шуморо ба манзури шукуфоии кишвар, дар арсаи ҷаҳон бемайлон баланд бардоштани обрӯи он ва беҳбудии халқи он ба тамоми ҷаҳон намоиш дод. Муваққиятҳое, ки дар ин ҷода ба даст омадаанд, бо номи Шумо зич алоқаманданд.
Қаноатмандии худро аз рушди ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Қазоқистон иброз дошта, аминам, ки Шумо минбаъд ҳам ба рушду густариши ҳамкории байни мамлакату халқҳоямон мусоидат мекунед. Мо аз ҷониби худ барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи байни ҳар ду давлат ҳамаи чораҳои заруриро мебинем.
Мехоҳам дар ин рӯзи фараҳбахш ба Шумо, мӯҳтарам Нурсултон Абишевич, тансиҳатии бардавом, саодати рӯзгор, умри дароз, дастовардҳои навро ба манзури рушди Қазоқистони бародар ва муваффақиятҳои минбаъдаро дар фаъолияти серсоҳаи Шумо орзу намоям».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






