Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи саноат
Душанбе, 21.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шавкат Бобозода бо ноиби Президент (намояндаи саҳмдорон)-и Ширкати «Зиҷин»-и Ҷумҳурии мардумии Чин Чен Жен Хе мулоқот кард.Бино ба иттилои котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи рушди минбаъдаи ҶММ КМ «Зарафшон», ҷалб намудани сармояҳои иловагӣ, сохтмони заводи гидрометаллургӣ бо маблағи 100 млн доллари ИМА, таъминоти корхона бо қувваи барқ ва тақсимоти дивидендҳои соли 2014 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






