Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе

Апрель 24, 2015 10:08

Душанбе,24.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  27 апрели соли ҷорӣ ҳайати Туркманистон бо роҳбарии вазири молияи ин кишвар Муҳаммедгулӣ Муҳамедов ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи шашуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар доираи ин ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи корӣ миёни ҳайатҳо ва баимзорасонии Протокол дар назар аст.
Ҳайати туркманистонӣ дар ин сафар аз НБО-и «Норак» боздид хоҳанд кард.
Сафари ҳайати Туркманистон то 30 апрели соли ҷорӣ идома меёбад.
 

Апрель 24, 2015 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш