Баррасии роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ
Душанбе, 6.04.2015. (АМИТ “Ховар”). — Имрўз бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи “Роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Чорабиниро муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лочин Файзуллозода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баррасии масъалаҳои ҷалби беҳтари сармояи хориҷӣ ва муайян кардани монеаҳо дар ин самти муҳими кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар мизи мудаввар намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонс, роҳбари департаменти рушди бахши хусусии Шўрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристин Лаабс, ректори Донишкадаи молия ва иқтисодии Тоҷикистон Ашурбой Солиев, ҷонишини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон Сироҷиддин Мирзохонов, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аброр Мирсаидов оид ба роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар таклифу пешниҳодҳои судманди худро оид ба мавзўи матраҳгардида манзури иштирокчиён намуданд.
Оид ба саҳми муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ баромади роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуҷабборов шунида шуд.
Илова бар ин, дар мизи мудаввар оид ба раванди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи сармоягузорӣ” дар таҳрири нав сардори Раёсати сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов маълумот дод.
Аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ директори ҶДММ “Шивер-Тоҷикистон”, тамғаи ҷаҳонии “Ашан”, Фредерик Лоббе, намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндаи Ширкати саноатӣ ва кўҳии Тоҷикистону Хитой ва аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ муовини аввали раиси Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Р. Саидисмонов баромадҳои худро ирсол карданд.
Пас аз баромади маърузачиён иштироккунандагони мизи мудаввар мулоҳизаронӣ намуда, саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар анҷоми чорабинӣ изҳороти мизи мудаввар қабул карда шуд, ки дар он устувории қонунгузорӣ, кам кардани дахолати мақомоти санҷишӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла аз байн бурдани санҷишҳои пай дар пай, инчунин ташкили Фонди суғуртаи сармоя ва стратегияи инвеститсияҳои инноватсионӣ масъалаи мубрам ҳисобида шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






