Биноҳои ҷузъу томи махсуси ВКД мавриди истифода қарор гирифтанд

Апрель 1, 2015 10:20

 
Душанбе, 01.04.2015. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас  Темурзода).- 30 март  дар  шаҳри  Душанбе бо  иштироки вазири  корҳои  дохилии  ҶТ Раҳимзода  Рамазон  Ҳамро  биноҳои нави ҷузъу  томи  махсуси  ВКД ҶТ  оид ба  таъмини  амнияти ҷамъиятӣ  дар хатсайри Сарвари  давлат  ва меҳмонони  олиқадр,  ҳамчунин  шуъбаи  Бозрасии давлатии автомобилии  Раёсати ВКД  мавриди  истифода  қарор  гирифтанд.
Роҳбари  ВКД  бо  шароити  хидмати  кормандони ҷузъу  томи  махсуси  иншоотҳои зикршуда шинос  шуда, аз  қисмҳои  навбатдорӣ,  утоқҳои  корӣ, маҷлисгоҳ,  биноҳои  маишӣ ва ҳайати  шахсӣ  дидор  карда, бо  ҳайати  шахсӣ  суҳбат  намуд. 
Қобили  зикр  аст, ки  биноҳои  зикршуда бо  услуби  имрӯза  бунёд  гардида, бо  таҷҳизоти  зарурӣ таъмин  шудаанд.
Назар  ба  иттилои  ВКД ҶТ,  иншоотҳои нав  бо  дастгирии  соҳибкорони маҳаллӣ, роҳбарияти Вазорати  корҳои дохилӣ ва Ҳукумати  кишвар  бунёд  шудаанд.

 

Апрель 1, 2015 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд