Боздиди намояндаи Бонки ҷаҳонӣ аз Донишкадаи иқтисод ва савдо
Душанбе,06.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверз-Картер зимни сафараш ба вилояти Суғд аз Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ боздид намуда, бо ҳузури зиёда аз 60 нафар донишҷӯи донишкада дар мавзӯи “Нақши ниҳодҳои байналхалқии молиявӣ дар ҳалли муаммоҳои иқтисодии Тоҷикистон” маъруза намуд.
Ба иттилои Иномҷон Аминов, директори донишкада Патрисия Виверз-Картер оид ба муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва баъзе самтҳои ҳалли онҳо баҳси илмӣ ташкил намуда, бо донишҷӯён доир ба нақшаҳояшон дар оянда суҳбат намуд.
Зимни мулоқоти роҳбарияти донишкада бо хонум Патрисия Виверз-Картер оид ба таърихи ташаккул, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он, имкониятҳову неруи илмиву таълимӣ ва техникии донишкада маълумот дода шуд. Инчунин дар мулоқот оид ба самтҳои имконпазири ҳамкории байни донишкадаву Бонки ҷаҳонӣ муҳокима шуд. Роҳбарияти донишкада барои тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати пурзӯр намудани барномаҳои мубодилаи донишҷӯён ва устодони донишкада бо донишгоҳҳои пешқадами Аврупо ва ИМА, ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён, иштирок дар тадқиқоти муштарак бо Бонки ҷаҳонӣ доир ба муаммоҳои ҳалталаби иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, дастгирии молиявию техникии Бонки ҷаҳонӣ барои мукаммалгардонии фаъолияти таълимию методӣ ва илмии донишкада бо Патрисия Виверз-Картер гуфтушунид намуданд.
Патрисия Виверз-Картер зимни баррасии масоили матраҳшуда изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик ҳайати махсуси Бонки ҷаҳонӣ барои омӯзиши дақиқи имкониятҳои ҳамкорӣ бо Донишкадаи иқтисод ва савдо фиристода мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






