Бозиҳои даври дуюм дар сабқати лигаи олии футбол
Душанбе, 18.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бозиҳои даври дуюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои истироҳат — 18 ва 19- уми апрел — баргузор мешаванд. Дирӯз ду бозӣ байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров — «Хуҷанд»- и Хуҷанд ва ССКА «Помир»- и Душанбе — «Вахш»- и Қӯрғонтеппа барпо гардиданд. Ду бозии охирини даври дуюм рӯзи якшанбе миёни дастаҳои «Далерон- Ӯротеппа»- и Истаравшан — «Регар- ТадАЗ»- и Турсунзода ва «Барқи тоҷик»- и Душанбе — «Истиқлол»- и Душанбе сурат мегирад.
Бояд тазаккур дод, ки бо сабаби зиёд шудани теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи сабқати лигаи олӣ, Лигаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии кишвар бо ширкати даҳ даста дар ду давра гузаронида шавад. Дар арафаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар масъалаи маблағгузории бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе ҳал шуд. Ин даста, ки ширкаткунандаи даҳуми чемпионати Тоҷикистон-2015 мебошад, имсол «Барқи тоҷик» ном гирифтааст.
Лигаи миллии Тоҷикистон тақвими бозиҳои чемпионатро, ки аз се давра иборат буд, тағйир дод ва акнун дастаҳо дар ду давра бозӣ мекунанд. Ҳар як даста имсол 18 бозӣ анҷом медиҳад.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа «Хайр” бо 6 имтиёз аз ду бозӣ дар ҷои аввал аст. Дастаҳои «Истиқлол” ва «Вахш”, ки ҳар кадом як бозӣ анҷом додаанд, бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






