Бозии “Истиқлол” — “Хайр” барои Ҷоми олии Тоҷикистон
Душанбе,03.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон -2015, 5-уми апрел соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2014 ва «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар баргузор мешавад.
Сардовари ин бозӣ Насрулло Кабиров, довари ФИФА аз Норак, ёваронаш Беҳрӯз Муртазоев аз Душанбе ва Ҳамза Шоймардонов аз ноҳияи Хуросон таъйин шудаанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Аъзамҷон Бӯриев аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба зимма дорад.
Ҷоми олии Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори шашум баргузор мешавад. «Истиқлол» барандаи аввалин ва феълии ин ҷом аст. «Истиқлол» чор маротиба (солҳои 2010, 2011, 2012 ва 2014) ва «Равшан»-и Кӯлоб як маротиба (соли 2013) Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овардаанд.
Ёдовар мешавем «Истиқлол» соли гузашта дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон, ки 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) доир шуд, бар дастаи «Равшан» бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад ва барои бори чаҳорум соҳиби ин мукофоти олӣ гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






