Бозии мусовии Истиқлол бо Эрбил дар Қатар
Душанбе, 30.04.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Бозии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар даври панҷуми сабқати интихобии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 дар гурӯҳи «С дирӯз дар пойтахти Қатар — Доҳа бо дастаи «Эрбил, қаҳрамони чаҳоркаратаи Ироқ ва финалисти Ҷоми AFC-2014 бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Бозӣ дар варзишгоҳи «Сауд бин Абдулраҳмон Ал-Тани» барпо гардид.Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, баъди натиҷагирии панҷ даври сабқати интихобӣ дар гурӯҳи «С «Ал-Қодсия бо 10 имтиёз ((таносуби тӯбҳояш — 6-4) пешсаф аст. «Истиқлол бо 8 имтиёз (таносуби тӯбҳояш — 7-6) дар ҷойи дуюм ва «Аҳал бо 6 имтиёз (5-9) дар ҷои сеюм қарор дорад. «Эрбил бо 4 имтиёз (6-7) дар ҷойи охирин — чорум мебошад.Гуфта мешавад, ки барои роҳхати дувум ба даври ҳаштякниҳоӣ «Истиқлол ва «Аҳал талош мекунанд. Бозии даври шашум байни футболбозони тоҷику туркман рӯзи чоршанбеи 13-уми май дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Бозии аввал байни ин дастаҳо дар Ашқобод бо пирӯзии «Истиқлол бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






