Бузургдошти Шайх Саъдӣ дар Бишкек

Апрель 24, 2015 08:31

Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон ба муносибати «Рӯзи Саъдӣ» Ҳамоиши илмиву-адабӣ доир шуд. Дар ин маҳфил, ки бо ҳузури олимону шоирон, шахсиятҳои расмӣ ва ҷамъиятии Қирғизистон баргузор гардид, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни осору рӯзгори сухансарои нотакрори тоҷику форс изҳори назар шуд.
Акбар Рисқулов- раиси Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон зимни ифтитоҳи ин нишаст ҷойгоҳи фарҳанг ва адабиёти тоҷику форсро дар арсаи ҷаҳон муҳим унвон карда, ба зарурати тарҷума ва чопи осори бузургони ин тамаддун ба забони қирғизӣ ишора кард.
Қодиршои Мурувват- муовини раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ, сардабири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» дар мавриди омӯзиш ва нашри осори Шайх Саъдӣ дар Тоҷикистон дар ин ҷамъ суҳбат намуд. Вай зимни боарзиш хондани ҷойгоҳи ин шоиру орифи бузург миёни ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон, таъкид кард, ки шеър ва шахсияти Саъдиро аз тифли мактабхон сар карда, то бузургсолони шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ медонанд ва дӯст медоранд.
Дар Ҳамоиш академик Абдуҳалим Раҳимҷонов- раиси созмони дӯстии Қирғизистон-Эрон дар мавзӯи «Гуманизм дар осори Шайх Саъдӣ» маърӯза намуд. Ҳамчунин Алӣ Кибриёизода-роҳбари бахши фарҳангии Сафорати Эрон дар Қирғизистон изҳор дошт, ки бо кӯмаки молии тарафи эронӣ ахиран дар Бишкек «Гулистон»-и Саъдӣ барои аввалин бор ба забони қирғизӣ тарҷума ва нашр шуд. Вай гуфт, баргардонии ин асар бинобар талоши Кубаничбек Басилбеков- тарҷумони шинохтаи қирғиз ба анҷом расида ва ҳоло хонандаи қирғиз имкон дорад Саъдиро ба забони модарӣ бихонад.
Шоири халқии Қирғизистон Асан Жакшиликов, шоири халқии Қирғизистон Марям Абулқосимова, шоири русизабони Ҷумҳурии Қирғизистон Светлана Суслова, узви Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон Шоистаи Равшан ва чанде дигарон сухан намуда, бузургдошти Рӯзи Саъдиро ба алоқамандони шеъри ноб табрик гуфтанд.
Бо назардошти пешниҳоди Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Қирғизистон тасмим шуд, ки  рӯзҳои наздик дар ҳамкорӣ бо созмони тоҷикон ба номи Рӯдакӣ дар Бишкек дар мавриди ҷойгоҳи шеъри имрӯзи тоҷик нишасти адабӣ баргузор шавад.

Апрель 24, 2015 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!