Чорабиниҳои фарҳангӣ барои меҳмонону сокинони пойтахт
Душанбе, 20.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-18-ум 19-уми апрели соли ҷорӣ новобаста аз вазъи ҳавои пойтахт ба Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе, ки ҳар шанбею якшанбе чорабиниҳои фарҳангӣ бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гузаронида мешаванд, меҳмонону сокинони зиёд омаданд. Бино ба иттилои Мавсума Муинӣ, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, меҳмонон ва сокинон аз намоишгоҳе, ки аз тарафи кумита, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва дигар ташкилоту муассисаҳо ташкил шуданд, дидан намуда, як ҷаҳон таассуроти маънавӣ бардоштанд.
Гуфте мешавад баҳри болидахотирии меҳмонони боғ ансамбли «Славянҳо»-и Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва Театри давлатии ба номи А.Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ карданд.
Ба иттилои манбаъ, КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» тасмим гирифтааст, ки рӯзҳои шанбе ва якшанбеи оянда дар боғи мазкур ярмаркаи чойҳои кориро ташкил намуда, ба корҷӯён ҷойҳои кориро дар кумита ва сохторҳои он дар маҳал ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр пешниҳод намояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






