ДМИТ ободу зебо мешавад
Душанбе, 13.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бо ташаббуси раёсати маъмурию хоҷагӣ ва шуъбаи тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 11 апрел дар донишкада шанбегӣ гузаронида шуд, ки дар он донишҷўён ва кормандони хоҷагӣ дастаҷамъона иштирок карда, гул шинонида, майдончаҳоро побелу бехҳои дарахтонро нарм намуданд.
Саймаҳмуд Қаландаров, муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ зикр намуд, ки аз аввали мавсими ниҳолшинонӣ мо дар саҳни донишкада дарахтони сояафкан ва гулу сабзаҳо шинонидем, ки барои боз ҳам зеботар гардидани симои донишкада муфид аст. Зикр гардид, ки то охирҳои соли 2015 иншоотҳои навсохт ба истифода дода шуда, биноҳои куҳна бардошта мешаванд ва саҳни донишкада пурра мумфарш мешавад.
Бояд зикр намуд, ки корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ марҳила ба марҳила дар донишкада идома ёфта, дар натиҷаи он донишкада ба як боғи зебову тамошобоб табдил меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






