Фестивали байналмилалии ҳунарҳои бадеии халқӣ -“Бозори ҳунар”
Душанбе,21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Рӯзҳои 24- 25 апрели соли 2015 Фестивали байналмилалии ҳунарҳои бадеии халқӣ -“Бозори ҳунар” дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.
Фестивал бо мақсади ҳифз ва рушди анъанаҳои хоси ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ, фароҳамсозии шароити мусоид барои табодули эҷодии ҳунармандон ва дар доираи эълон гардидани шаҳри Кӯлоб ҳамчун «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2015» гузаронида мешавад.
Дар фестивал маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва косибӣ, эҷодиёти ороишӣ-амалӣ ба маърази намоиш гузошта мешавад.
Фестивал рӯзи 24-уми апрели соли 2015 соати 9-00 дар майдони маҷмааи «2700- солагии шаҳри Кӯлоб » оғоз мегардад.
Дар доираи фестивал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Конфронси илмӣ- амалӣ таҳти унвони «Мероси фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии Кӯлоб: ҳифз ва эҳёи он» бо иштироки олимон ва коршиносон баргузор мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






