ФИКМТ ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнаткашонро кафолат медиҳад
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 28 апрел- ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати меҳнат ва 1 Май- чун Рӯзи ҷаҳонии якдилии меҳнаткашон таҷлил мегардад.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба муносибати ин ду ҷашн ба роҳбарони ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, корхонаҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ муроҷиатномаҳо қабул кард.
Дар Муроҷиатномаи ФИКМТ ба муносибати Рўзи ҷаҳонии муҳофизати меҳнат аз ҷумла омадааст:
-Иттифоқҳои касабае, ки таҷрибаи бисёрсола оид ба ҳифзи ҳуқуқи меҳнаткашон ба меҳнати бехатар ва солим доранд, наметавонанд ва набояд ба бепарвоӣ ва бемасъулиятии корфармоён ва соҳибкорон нисбат ба мушкилоти иҷтимоию иқтисодие, ки манфиати кормандон ва аъзои оилаи онҳоро муҳофизат менамояд, созгор бошад.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ибтидоӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ муроҷиат менамояд, ки якҷоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маъракаи сафарбарнамоӣ оид ба бехатар намудани шароити меҳнат дар истеҳсолот, такмилу ташкили он, таъмини талаботи бехатарӣ дар ҳар як ҷои корӣ кўшишу ғайрати худро равона намоянд.
Соли 2014 дар чумҳурӣ 64 ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ рух дод, ки дар натиҷа 38 нафар ба ҳалокат расид. Шумораи кормандоне, ки дар шароити номусоид машғули кор мебошанд, дар соли сипаригашта 2018 нафарро ташкил дод, ки аз солҳои пешин қариб ду маротиба коҳиш ёфтааст.
ФИКМТ ният дорад, ки зимни гузаронидани маъракаи мазкур ҷалб намудани қишрҳои васеи ҷомеа ба мушкилоти муҳофизати меҳнат, латхўрии истеҳсолӣ ва касалиҳои касбӣ дар шароити ислоҳоти иқтисодӣ, таъмини кормандон бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, ба вуҷуд овардани шароити зарурии бехатарии меҳнатӣ-маишӣ ва санитарию беҳдоштӣ, пурзўр намудани корҳои пешгирӣ-профилактикӣ бевосита дар истеҳсолот, бо мақсади ба тартиб даровардани ҳар як ҷои кор оид ба масъалаҳои муҳофизати меҳнат ва тарбияи кормандон, баланд бардоштани масъулияти маъмурияти ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорон ва ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи онҳо чунин вазифаҳоро ҳалл кунанд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкилотҳои иттифоқи касабаро барои оғози амали мушаххас ҷиҳати дар коллективҳои меҳнатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти корхонаҳо ташкил намудани муҳокимаи васеи масъалаҳои муҳофизати меҳнат, ташкили маъракаи ташвиқотӣ дар воситаҳои ахбори умум, гузаронидани санҷишҳо ва намоишҳо дар корхонаҳо таҳти шиори «Рўзи бехатарии меҳнат» даъват менамояд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бовар дорад, ки амали пешниҳодгардидаи иттифоқҳои касаба барои баланд бардоштани самаранокии муҳофизати меҳнат дар истеҳсолот хизмат менамояд ва итминони комил дорад, ки ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ҳамчун қувваи ягонаи ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнаткашон барои меҳнати солим ва бехатарии шаҳрвандон мусоидат менамояд.








ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






