Фурӯши бархе маҳсулот дар «Шоҳмансур» қатъ мегардад
Душанбе, 21.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз 1 майи соли равон фурӯши бархе молу маҳсулотро дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт ихтисор намояд. Дар хусуси ихтисор намудани кадом намуди молу маҳсулот ҳанӯз иттилоъ дода нашудааст.
Ин тасмими шаҳрдорӣ бо мақсади аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт бе танбашавӣ дар роҳҳои мошингузари назди бозори «Шоҳмансур» андешида шудааст. Дар ҷаласаи шаҳрдорӣ зикр гардид, ки бо назардошти ихтисори фурӯши бархе аз молу маҳсулот дар бозори «Шоҳмансур» соҳибкорон имкон доранд фаъолияти худро дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90», ки моҳи сентябри соли 2014 дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли кишвар ба истифода дода шуд, ба роҳ монанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






