Гусели наваскарон ба хизмат
Панҷакент, 03.04.2015.. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли равон дар тамоми комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Гусели ботантанаи аввалин наваскарон дар комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент бо иштироки намояндаҳои мақомоти иҷроияи шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидон ва ҳамчунин намояндагони ҳифзи ҳуқуқ доир шуд. Онҳо 80 нафар наваскарро ба хизмати Ватан — Модар гусел намуданд.
Раиси комиссияи даъвати ҳарбӣ Парвиз Шодиев ҳангоми суҳбат иброз намуд, ки барои 80 нафар даъватшаванда либос ва дастархони идона омода шудааст.
Имсол тибқи Фармони Сарвари Давлат ҷавонони соли таваллуди 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






