Хадамоти муҳоҷират: дар садамаи Маскав танҳо ду тоҷик ҳалок шудааст
Душанбе, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).-Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман иттилоъ медиҳад, ки 20.04.2015 тақрибан соати 23:30 дақиқаи шаб, дар шоҳроҳи 19 км МКАД-шаҳри Маскав садамаи нақлиётӣ бо бархўрдани чандин мошини хурд ва ду мошини калони боркаш ба вуқуъ пайваст ва боиси ҳалокати одамон гардид. Тибқи баъзе маълумотҳои васоити ахбори омма гўё 4 нафар шаҳрванди тоҷик дар ин фоҷиа ба ҳалокат расидааст. Намояндагӣ баъди санҷида баромадани воқеаи нохуш муайян намуд, ки фақат ду шаҳрванди Тоҷикистон- яке Додов Самад Абдуллоевич, соли таваллудаш 1981, зодаи ноҳияи Ванҷ ва Шоев Ҷумъахон Усмонович, соли таваллудаш 1970, зодаи ноҳияи Файзобод ба ҳалокат расидааст. Абдулло Қодирӣ-сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки шаҳрвандони марҳум бо мақсади ба расмият даровардани патент дар Маркази бисёрсоҳаи муҳоҷират, шаҳраки Сахарово, шабона барои гирифтани навбат раҳсипор буданд. Ду нафар шаҳрванди дигар аз ҷониби намояндагӣ муайян гардид, ки яке Отаев Акрамҷон, шаҳрванди Қирғизистон ва дигаре Юсупов Нуриддин Сумиевич, шаҳрванди Ӯзбекистон мебошад. Бо мусоидати намояндагӣ ҷасади шаҳрвандон шоми 21.04.2015 тавассути ширкати ҳавопаймои «Тоҷик — эйр» ба ватан равона гардид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






