ХМ: Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳа

Апрель 14, 2015 10:42

Душанбе, 14.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дирӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ маҷлиси ҳайати мушовара оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар семоҳаи аввали соли 2015 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар он муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ Нуруло Маҳмадуллоев, муовинони сардори хадамот Муқим Ниёзов ва Толибҷон Шарипов, инчунин сардорон ва муовинони раёсатҳо, шуъбаҳо ва сохторҳои зертобеи он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.Дар семоҳаи якуми соли 2015 ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 19316 нафар шаҳрванд бо дархост муроҷиат кард, ки аз он 18027 муроҷиати шифоҳӣ, 132 муроҷиати хаттӣ ва 1157 муроҷиати телефонӣ буд.Дар ин давра аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират вобаста ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дар 25 ширкат амалиёти санҷишӣ гузаронида шуд. Муайян шуд, ки дар ин ширкатҳо 1730 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буда, дар баробари онҳо 2780 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ширкатҳо бо ҷои кор таъмин шуд. Хадамоти муҳоҷират бо мақсади танзими масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби табиӣ ба мавзеъҳои бехавф кўчонидани аҳолӣ, аз минтақаи зериобмонии Неругоҳи барқи обии Роғун кўчонидани аҳолии шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод, инчунин ҷиҳати муайян намудани дурнамои муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, банақшагирӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кўчонидани муҳоҷирони дохилӣ, беҳтар гардидани инфрасохтори деҳот, рушди соҳаҳои хоҷагии қишлоқ ва паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ тадбирҳои амалӣ андешида, аз аввали соли ҷорӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Апрель 14, 2015 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад