Хуҷанд: Бунёди муҷассамаи ёдгорӣ барои қурбониёни Чернобил
Душанбе,22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳамсола тибқи қарордоди Созмони Миллали Муттаҳид 26 апрел чун Рӯзи иштирокчиён ва поси хотири қурбониёни садамаи неругоҳҳои атомӣ таҷлил мешавад. Дар вилояти Суғд вобаста ба ин сана баргузории чанд чорабинии гуногун, аз қабили гиромидошти хотираи ҳалокшудагон дар садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил ва маҳфили иштирокдорони бартарафсозии ин фалокат ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон барои кумаки беҳдошти саломатӣ, пардохти кумаки яквақтина барои оилаҳои бесаробонмонда, фарзандони маъюби онҳо ва баргузории чорабинии иштирокчиёни ин садама аз буҷаи маҳаллӣ ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин бо ташаббуси раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар соли оянда бунёди муҷассамаи ёдгорӣ барои қурбониёни ин ҳодисаи мудҳиш дар яке аз мавзеъҳои шаҳр пешбинӣ гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки аз шаҳри Хуҷанд 120 нафар барои бартараф намудани садамаи неругоҳи атомӣ ба шаҳри Чернобил сафарбар гардиданд, ки 32 нафари онҳо маъюби якумра ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин 16 оила бесаробон монда, то имрӯз 52 нафар узвиҶамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и маркази вилоят ҳастанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






