Хуҷанд: Дастаи футболбозони Мевағул соҳиби Ҷоми раиси шаҳр

Апрель 30, 2015 10:17

Душанбе, 30. 04. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Аз 9 то 28 апрели соли равон дар майдончаи сунъии Мактаби варзишии бачагон ва наврасони №1-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи Ҷоми раиси шаҳри Хуҷанд оид ба футболи хурд байни наврасони маҳаллаҳои маркази вилоят, ки соли таваллудашон 2000-2002 аст, баргузор гардид.Дар мусобиқа 200 нафар варзишгар аз 15 маҳалла ширкат варзид.Дар натиҷа ҷойи якум ва Ҷоми раиси шаҳри Хуҷандро дастаи футболбозони навраси маҳаллаи Мевағул (13-18мкр) соҳиб гашт.Ҷойҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои маҳаллаҳои «Сайхун» ва дастаи маҳаллаи «1-уми Май» мутаносибан ишғол намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби доварон ва мухлисон бозингарони беҳтарин муқаррар шуданд. Дарвозабон Пӯлод Алибоев аз дастаи «Мевағул», муҳофизатгар Ҷамшед Оқилов аз дастаи «Сирдарё» ва ҳамлагар Самад Самадов аз дастаи Сайҳун чун бозингарони беҳтарин пазируфта шуданд.Ғолибон ва ҷоизадорон аз тарафи федератсияи футбол ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бо ҷом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Апрель 30, 2015 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад