Хуҷанд: «Тибби Аҷам»-маркази ташхис
Душанбе,14.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Дар шаҳри Хуҷанд боз як маркази ташхиси тиббии муосир бо номи «Тибби Аҷам» ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.Раиси шаҳр ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти марказ гуфт, ки ин тадбир баёнгари он аст, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати баланд бардоштани сатҳу сифати муолиҷа ва хизматрасонии тиббӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам омадааст.Дар марказ панҷ дастгоҳи ташхиси рақамии ултрасадо, рентген аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон дастрас ва насб шудааст, ки дар вилоят беназир буда, аз ҷониби мутахассисони ҷавони соҳибтаҷриба идора мешавад.Маркази фавқуззикр аз ҷониби ширкати «Чор додарон» бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ бунёд шудааст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






