Ифтитоҳи маркази адрасу атласбофӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров
Хуҷанд, 16.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Баҳри эҳёи ҳунарҳои милливу мардумӣ ва ҷалби бештари занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ солҳои охир дар вилояти Суғд аз ҷониби роҳбарияти мақомоти вилоятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ин аст, ки дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин маркази таълимии адрасу атласбофии “Дугонаҳо” ба фаъолият оғоз намуд. Раиси вилоят зимни иштирок дар маросими ифтитоҳи марказ иброз дошт, ки ҳадаф аз роҳандозии чунин тадбири муҳим- ин пеш аз ҳама бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани занону духтарон ва инчунин ба ин васила коҳиш додани сафи занони муҳоҷир буда, дар ин раванд замина гузоштан баҳри соҳибкасб намудани занҳои хонашин ва ба роҳ мондани меҳнати хонагист.
Ба гуфти Абдураҳмон Қодирӣ соли равон дар тамоми ҷамоату деҳоти вилоят таъсиси чунин марказҳо дар назар гирифта шуда, ба ин васила дар ҳудуди вилоят дар нақша аст беш аз 9 ҳазор нафар бонувони хонашин соҳибкасб гарданд. Аз ҷониби рохбари вилоят 20 адад дастгоҳи адрасбофӣ ройгон тақдим шуда, ёдрас гардид, ки минбаъд низ ба ҷамоату деҳоти фаъол чунин дастгоҳҳо ройгон тақдим хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки алъон дар маркази таълимии адрасу атласбофии “Дугонаҳо” 20 дастгоҳи адрасбофӣ ва 15 мошинаи чокдӯзӣ насб шуда, дар маҷмӯъ 60 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, онҳо дар давоми 3 моҳ бо нозукиҳои адрасбофӣ омӯзонида мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






