Имкониятҳои нави ФФТ барои сабти бозиҳо
Душанбе, 28.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои хариди студияи нави сайёри телевизионии андозаи HD TV ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ кардааст.
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, студияи сайёри телевизионӣ дар доираи роҳандозии барномаи ФИФА «Income Generation» харид шудааст. Студияи мазкур, ки бо технологияи замонавии наворбардорӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони HD ҷиҳозонида шудаст, дар Тоҷикистон ҳамто надорад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ёрии ин студияи худӣ акнун имконият пайдо кардааст, ки на танҳо бозии дастаҳои мунтахаби миллӣ, балки бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии кишварро зинда намоиш диҳад.
Гуфта мешавад, ки студияи нави сайёри телевизионӣ барои аввалин бор ҷиҳати санҷиш дар бозии даври сеюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (8:0) ва фестивали футболи кӯдакона дар доираи давраи бозомӯзии байналмилалии ФИФА аз рӯи барномаи футболи оммавӣ, ки рӯзи шанбеи 25 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, истифода шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






