Исфара: сафарбарии ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ
Исфара, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Мутобиқ ба маъракаи даъвати баҳорӣ дирӯз дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд низ чорабинии гусели аввалин даъватшавандагон баргузор гардид. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари маркази матбуотии мақомоти шаҳри Исфара Иқбол Тешаев иттилоъ дод, бо ин мақсад дар Кохи фарҳангии маркази шаҳр ҷамъомади бошукӯҳ доир гашт. Дар ин рӯз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар 105 ҷавон ихтиёрӣ барои хизмат сафарбар гардид.
Дар чорабинии мазкур, ки намояндагони мақомоти иҷроияи шаҳрӣ, комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷанг ва меҳнат, роҳбарони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои ноҳия, волидони наваскарон ширкат доштанд, раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир изҳор дошт, ки сол аз сол шумораи ҷавонони бошарафе, ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, тадриҷан зиёд гардида истодааст.
Иштироккунандагони чорабинӣ ба наваскарон мардонагӣ ва матонатро дар хизматашон орзу намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






