Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 824,3 млн сомонӣ
Душанбе, 29.04.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Дар семоҳаи якуми соли 2015 дар ҷумҳурӣ ба маблағи 2516,3 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014- ум 16,7 фоиз зиёд шудааст. Дар моҳи марти соли 2015 ба маблағи 824,3 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки аз сатҳи соли 2014- ум 23,7 фоиз баланд аст. Дар саноати истихроҷ ҳаҷми истеҳсолот 263,9 млн сомонӣ, саноати коркард 1519,8 млн сомонӣ, дар истеҳсолу тақсимоти неруи барқ, газ ва бо 732,6 млн сомониро ташкил дод.Дар семоҳаи якуми соли 2015 аз 1812 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда, 408 корхона ё 22,5 фоизи шумораи умумӣ кор накард.Дар давраи ҳисоботии соли 2015 истихроҷи нафт, газ, ангиштсанг ва ангишти бӯр, маводи ғайри маъдании бинокорӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳасибӣ. панир, маҳсулоти шири холис, истеҳсоли маснуоти қаннодӣ, оби ҷав, оби маъданӣ, папиросу сигоретҳо, нархи пахта, чигити тухмии пахта, маснуоти ҷӯробу пайпоқ, пойафзол (аз ҷумла бачагона), собуни хоҷагӣ ҷомашӯӣ, бензин, сӯзишвории дизелӣ, асфалт, семент, оҳаки бинокорӣ. оҳану бетон, тахтасангҳои мармарӣ, хишти бинокорӣ, трансформаторҳо, маснуоти кабелӣ, истеҳсоли неруи барқ, қувваи ҳароратӣ афзуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






