Кайҳоннавардӣ дар мавзӯи «Боғи ҳайвонот дар мадор»
Душанбе, 11.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бино ба иттилои сомонаи раиси вилояти Суғд дирӯз дар Планетарияи ба номи А.Хуҷандӣ конфроси илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи байналхалқии авиатсия ва кайҳоннавардӣ дар мавзӯи «Боғи ҳайвонот дар мадор» бо иштироки устодону донишҷӯёни факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ маърӯзаи донишҷӯи курси сеюми факултаи физика ва техникаи ДДХ Маҳҷуба Зарифоваро дар мавзӯи «Ба парвози аввалин инсон ба кайҳон 54 сол пур шуд», намоиши тасвирии ҷонишини директори планетария Самеъ Хошоковро дар мавзӯи «Боғи ҳайвонот дар мадор», баромади узви вобастаи Академияи хурди илмҳо, хонандаи синфи 10-и гимназияи № 2-и шаҳри Чкалов Гесубонуи Парвинро дар мавзӯи «Муаммоҳои омӯзиши ҳаёти ғайризаминӣ дар давраи муосир» бо мароқ шунида, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






