Кишварҳои ИДМ — хостори тақвияти равобити ҳарбӣ — техникӣ
Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ)- Рӯзҳои 7-ум ва 8-уми апрели соли 2015-ум дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои Мудофиаи зиддиҳавоии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳиоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Кумитаи ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати намояндагони низомии 7 давлат, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Узбекистон, Беларус ва Русия ширкат намуданд.
Дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар хабар медиҳад, ки мувофиқи рӯзномаи ҷаласа аснои баргузории он 12 масъала вобаста ба равнақи низоми мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои аъзои ИДМ, густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи ҳарбӣ миёни кишварҳои номбурда, тақвияти қӯшунҳои зиддиҳавоӣ баррасӣ гардидаанд.
Дар ҷаласа фаъолияти аъзои Кумитаи ҳамоҳангсозӣ дар соли 2014 натиҷагирӣ шуда, оид ба ҳадафу матлаби баргузории чорабиниҳои муштараки фаврӣ, тақвият бахшидани омодагии ҷангӣ, таҳкими низоми қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои аъзои ИДМ барои соли 2015 мароқ зоҳир гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи барномаи тасдиқгардида дар назар аст имсол машқҳои муштараки қӯшунҳои зиддиҳавоии ин кишварҳо таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ — 2015» гузаронида шаванд .
Дар ҷараёни ҷаласаи барнома ба низомнома дар бораи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва ба як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки дар самти боз ҳам тақвият ёфтани низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ мусоидат мекунанд, тағйирот ворид шуданд.
Таваҷҷуҳи бештар инчунин ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои аъзо дар самти татбиқи амалии дурбинонаи низом дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбии техникӣ зоҳир шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






