Корҳои геологӣ дар кони «Зарнисори шимолӣ» идома доранд
Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Тавре ки аз хадамоти матбуоти «Тоҷиксаргеология» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, охири ҳафтаи гузашта роҳбарияти Сарраёсати геологияи Тоҷикистон ва ширкати «Хай Чен» — и Шанхай масъалаи иҷрои корҳои геологӣ дар кони «Зарнисори шимолӣ» — ро мавриди муҳокима қарор доданд. Қобили зикр аст, ки охири моҳи феврали соли ҷорӣ Маҷлиси намояндагони ҶТ Созишномаи инвеститсионии байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин» оид ба коркарди пурраи захираи кони «Зарнисори шимолӣ» — ро тасдиқ намуд.
Созишнома тарҳрезӣ ва сохтмони корхонаи коркарди пурраи ашёи хом аз ҷониби тахсисдиҳандаи маблағро дар назар дорад. Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои мустақими Чин дар амал татбиқ мешавад.
Мӯҳлати татбиқи лоиҳа то охири соли 2018 пешбинӣ шудааст. Мувофиқи лоиҳа ҳар сол дар кони «Зарнисори шимолӣ» 2 миллион тонна маъдан истихроҷ мегардад. Иқтидори солонаи корхона 20 ҳазор тонна қӯрғошим аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






