Кўлоб: Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр

Апрель 11, 2015 09:14

 Кўлоб,11.04.2015. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Дар шаҳри Кӯлоб ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар семоҳаи соли 2015 баргузор гардид. Муовини раиси шаҳр Рустам Неъматов зимни баррасии фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳру деҳоти Кӯлоб дар семоҳаи якуми соли 2015  гуфт, ки дар семоҳаи аввал нақшаи андоз баробари 127 % иҷро гардид. Корхонаҳои саноатии шаҳр ба миқдори 32, 2 мил сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Соли ҷорӣ таъсиси 13  корхонаи дигар дар назар аст. Дар ин давра 328 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, нафақапулии 17 ҳазору 462 нафар пурра пардохт шуд. Музди миёнаи меҳнат 705 сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми боркашонӣ 453 ҳазор тоннаро ташкил кардааст. Дар шаҳр ба маблағи 18,9 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуданд. То имрӯз 2011 хоҷагии деҳқонӣ таъсис гардида, нақшаи пешбинии бунёди боғҳои нав иҷро шуд. Истеҳсоли моҳӣ се баробар афзоиш ёфт. 

Апрель 11, 2015 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд