Маҳфили кўдакон бахшида ба Рўзи Замин
Душанбе, 28.04.2015. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров)..-25 апрели соли равон дар театри «Ҷавонон»-и шаҳри Душанбе чорабинии экологӣ бахшида ба Рўзи ҷаҳонии Замин баргузор гардид. Дар чорабинӣ саҳмгузорандагон моҳияти масоили беҳдошти Заминро, ки асоси ҳастии инсон ва мавҷудоти дигари олам аст, баён доштанд.
Сипас дастаи эколог-наврасони маркази таълимии томактабии «Навниҳол» бо қироати шеърҳо дар бораи Замин, суруду рақс ва бо иҷрои саҳначаҳои тарбиявӣ диққати иштирокдоронро болида намуданд.
Дар чорабинӣ филми тасвирии «Афсонаи Айра» намоиш дода шуд. Ҳамчунин иштирокдорон аз бахши намоиши маҳсули офаридаи кўдакон дар бораи Замин ғизои маънавӣ гирифтанд.
Дар идомаи иқдоми пайгирифтаи маркази мазкур филми ҳуҷҷатии «Хонаи вохўрии Кайҳон бо Замин» ба маърази тамошо гузошта шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






