«Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»
Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, омӯзиш, такмил ва тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, инчунин ҳифз, нигаҳдорӣ ва афзун намудани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеа Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» таъсис дода мешавад.
Тибқи қарори раиси вилояти Суғд Муассисаи давлатии «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» ба Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ҳамроҳ мешавад.
Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» вазифадор мешаванд, ки тибқи тартиби муқарраргардида Оинномаи Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Суғдро аз қайди давлатӣ гузаронида, маблағгузории хароҷоти онро дар доираи маблағҳои ба соҳаи фарҳанг пешбинишудаи буҷети вилоятӣ амалӣ намоянд.
Маҷмаа дорои осорхонаи таърихӣ — ҳамчун муассисаи илмию тадқиқотӣ, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ — ҳамчун муассисаи фарҳангию фароғатӣ, инчунин Қалъаи Хуҷанд — ҳамчун мавзеи дорои аҳамияти баланди таърихию фарҳангӣ ва экологӣ барои рушди илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






