Машварати содироти маҳсулоти озуқавории Тоҷикистон ба АМА
Душанбе, 30. 04. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Юсуф Бобокалонов бо сардори идораи муассисаҳои байналмилалии Палатаи савдо ва саноати Аморати Дубай Умар Абдулазиз Хон 27 апрели соли 2015 мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба баргузор намудани машварат дар мавзӯи содироти маҳсулоти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, ки 11 -12 майи соли 2015 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд.Ҷонибҳо аҳамияти баргузор намудани машварати мазкурро бисёр муҳим ва ба ҳар ду кишвар муфид арзёбӣ карда, иброз доштанд, ки ин иқдом дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ҳар ду кишвар такони ҷиддие хоҳад бахшид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






