Муҳоҷирони соҳаи кишоварзӣ аз супоридани тест озод мешаванд
Душанбе, 28.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи иттилои намояндаи Думаи давлатии вилояти Воронежи Федератсияи Русия он муҳоҷироне, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият менамоянд, аз супоридани тест (имтиҳон) аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия озод мешаванд.
Тавре ки ба рӯзномаи «Известия» вакили Думаи давлатии вилояти Воронеж Вячеслав Астанков иттилоъ дод, ин тасмим ба хотири он гирифта шудааст, ки барои ба даст овардани иҷозат барои кор муҳоҷирони меҳнатӣ вақтро сарф мекунанд, дар минтақаҳо ба қувваи корӣ ниёз доранд ва хатари талафи зироат меафзояд.
То охири моҳи апрели соли 2015 ба Думаи давлатии Русия лоиҳаи Қонун оид ба муҳоҷирони меҳнатие, ки дар соҳаҳои боғу токпарварӣ, инчунин кишти бодиринг ва картошка фаъолият менамоянд, аз гузаштани имтиҳони ҳатмии забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия озод мешавад.
Ёдовар мешавем қаблан Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия лоиҳаи Қонун «Дар бораи мутахассисони баландихтисоси эҷодӣ, соҳаҳои гуногуни театр, директорони намоишгоҳи санъатӣ, сирк ва дигар мутахассисони соҳаи фарҳанг»-ро ҷиҳати насупоридани имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР эълон карда буд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ А.Қодирӣ хабар дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






